Нурулло Алиев, размикори шинохтаи тоҷик муҳорибаи навбатии худро бо Матеуш Ребетскии лаҳистонӣ баргузор мекунад. Муҳориба 11-уми ноябри соли 2023 дар доираи мусобиқоти UFC 295 дар назар дошта шудааст.
Дар ин бораи расонаи Спорт-экспресс иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона Матеуш Ребетски 30-сола буда, 18 пирӯзӣ ва 1 бохт дорад. Ӯ дар мусобиқоти UFC ду муҳориба баргузор карда, дар ҳардуяш ғалаба кардааст.
Нурулло Алиев бошад, то ин лаҳла дар мусобиқоти UFC як муҳориба гузаронида ва дар он ғалаба кардааст. Ин дуввумин рақобати Нурулло Алиев дар UFC мебошад. Дар нахуст бозиаш ӯ рақиби бразилӣ Рафаэл Алвесро шикаст дода буд. Дар ин қувваозмоӣ ӯ ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷик дар ташкилоти UFC шуд. Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Ӯ то имрӯз ягон бохт надорад.




“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста