Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 дар гурӯҳи “Е” қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи “Истиқлол” дар меҳмонӣ набарди шоиста нишон дода, аз тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз тими “Истиқлол” ҳамлагар аз Кот-д Ивуар Сенин Себаи тӯбро ба ҳадаф расонид.

Сурат: ФФТ

Гуфта мешавад, аз дастаи “Ан-Наср” ду тӯбро Андерсон Талискаба ҳадаф расонид.

Сурат: ФФТ

Боз як голро капитани дастаи "Ан-Наср" Криштиану Роналду ба дарвозаи ҳариф ворид кард.

Сурат: ФФТ

Бозии дигари дастаҳои ин гурӯҳ байни “Ал -Дуҳайл” (Қатар) ва “Персеполис” (Эрон) бо ҳисоби 1:0 бар фоидаи дастаи меҳмонон - “Персеполис” анҷом ёфт.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 рӯзи 24 октябр “Истиқлол” дар меҳмонӣ бо тими “Персеполис”-и Эрон дар Теҳрон бозӣ мекунад.

Сурат: ФФТ

Тақвими бозиҳои боқимондаи "Истиқлол"

Даври 3-юм

24 октябр

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

7 ноябр 

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон)

Даври 5-ум

27 ноябр

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

5 декабр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) –  «Ан-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.