Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе муноқишаи худ бо Криштиану Роналду, футболбози шинохтаи тими Португалия ва дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудиро шарҳ дода, гуфт, ки аввал ҳамдигарро дашном дода, бо гузашти чанде якдигарро ба оғӯш гирифтем.

Рустам Ятимов ҳодисаро зимни як мусоҳиба ба хабарнигори “Варзиш ТВ” шарҳ додааст.

Ӯ гуфтааст, дастаи “Ан-Наср” бо суръати баланд бозӣ мекард ва онҳо кӯшиш кардаанд бо ҳар роҳ суръатро паст кунанд, аз ин лиҳоз бозиро кашол медоданд ва ин Роналдуро асабонӣ кардааст.

“Росташро гӯям, ба якдигар дашном додан гирифтем. Роналду ишора кард, ва ман чизе гуфтам. Ва ҳамин тавр рафт. Гуфтугӯ бо забони русӣ оғоз шуд, аммо ба ёдам омад, ки ӯ намефаҳмд, ҳаҳа... Пас аз он бо забонҳои сербӣ ва англисӣ суҳбат кардем. Аммо баъд аз ин мо якдигарро ба оғӯш гирифтем, сӯҳбат кардем ва бозиро идома додем. Ин эҳсосот чизҳои муқаррарӣ мебошанд”, - зикр кардааст Ятимов.

Дар идома Рустам Ятимов аз Криштиану Роналду ба ҳайси як футболбози хеле моҳир ва ҳирфаӣ тавсиф кардааст.

Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Рустам Ятимов фишор овард ва чизе гуфт, ки мухлисон муҳтавои онро нафаҳмиданд, аммо дарк карданд, ки футболбозӣ португалӣ эътирози худро баён мекунад. Ин саҳна баҳсҳоро ба миён овард ва таваҷҷууҳи зиёдро ҷалб кард.

Бояд гуфт, ки бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” рӯзи 2-юми октябри соли 2023 дар даври дуюми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиёи 2023/24 дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд ва бо пирӯзии “Ан-Наср” бо ҳисоби 3-1 анҷом ёфт.

Дар ин гурӯҳ ҳамчунин дастаҳои футболи “Персеполис”-и Эрон ва “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бозӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.