Дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 10 – 12-уми ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Asia-Plus” хабар доданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 5 варзишгари тоҷик дар навъи самбо ва 4 варзишгари дигар дар навъи самбои ҷангӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Дар риштаи самба варзишгарони зерин иштирок мекунанд:
Акмалиддин Каримов – дар вазни 58 кг,
Хушқадам Хусравов – дар вазни 64 кг,
Деваштич Убайдӣ – дар вазни 79 кг,
Зафар Олимшоев – дар вазни 88 кг,
Бахтовар Замиров – дар вазни 98 кг.
Дар риштаи самбои ҷангӣ:
Бобоҳон Мирзозода – дар вазни 58 кг,
Сорбон Латипов – дар вазни 64 кг,
Худоёр Раҷабов – дар вазни 71 кг,
Сарвар Ҳотамбекзода – дар вазни 88 кг.
Гуфта мешавад, ки мусобиқаҳо дар 21 вазн: занон – 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг; мардон ва самбои ҷангӣ – 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг баргузор мегардад.
Барои ширкат дар ин мусобиқа дастаҳо аз 65 кишвар дархост пешниҳод кардаанд. Тибқи қарори Кумитаи иҷроияи FIAS, варзишгарони Русия, Беларус, Фаронса ва дастаҳои гурезаҳо дар мақоми бетараф баромад мекунанд.
“Имсол самбо 85-умин солгарди худро таҷлил мекунад. Аз ин лиҳоз, дар маҷмааи варзишӣ ба номи Карен Демирчян на танҳо варзишгарони пурқуввати 65 кишвар, балки куштигирони қаҳрамон ва варзишагарони номдори самбо аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба муносибати ин чорабинии тантанавии махсус ба Ереван парвоз ва иштирок хоҳанд кард”, - қайд кард президенти Федератсияи байналхалқии самбо (FIAS) Василий Шестаков.
Тибқи иттилои FIAS, самбочиён, ки дар тақвими байналмилалӣ дар мусобиқаи асосии сол медал ба даст меоранд, соҳиби нишонҳои гаронбаҳои FIAS мешаванд. Илова бар ин, ғолибон ва барандагони ҷои дуюми мусобиқа ба таври анъанавӣ барои бурди мукофотҳои пулӣ, ки дар умум 231 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, мубориза мебаранд.
Тақсимоти фонди ҷоиза дар байни ғолибон чунин хоҳад буд:
Барандаи медали тилло дар ҳар вазн – 4 ҳазор доллар.
Барандаи медали нуқра – 3 ҳазор доллар.
Барандагони медалҳои биринҷӣ – 2 ҳазор доллар.
Ёдовар бояд шуд, ки аз Тоҷикистон аввалин варзишгаре, ки соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо гардидааст Саймумин Раҳимов мебошад. Ӯ соли 1975 ин унвонро соҳиб шуда буд.