Бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) рӯзи 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки мухлисон онро хеле интизорӣ доштанд, мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт.

Тӯби аввалро футболбози тими “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар қисми аввали вохӯрӣ ба ҳадаф расонида, сипас дар аввали қисми дуюм ҳамлагари дастаи “Ан-Наср” Абдураҳмон Ғариб ҳисобро баробар кард.

Сурат: ФФТ

Пас аз анҷоми вохӯриҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи “Истиқлол” аз ҳаққи идомаи рақобат дар марҳилаҳои минбаъдаи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё маҳрум шуда, “Ан-Наср” ба даври дигар роҳ ёфт.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯриро сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе дар экрани калоне, ки назди Театри опера ва балет гузошта шуда буд, низ тамошо карданд.

Сурат: Asia-Plus

Мухлисони сершумори футболи Тоҷикистон иштироки ситораи футболи ҷаҳон - Криштиану Роналдуро дар ин бозӣ беқаророна интизорӣ доштанд, лекин ин футболбози маъруф ба Душанбе наомад.

Пеш аз бозӣ бошгоҳи “Истиқлол” бо такя ба маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” хабар дод, ки Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошта ва то ба ҳол шифо наёфтааст.

Ба иттилои телевизиони “Варзиш” пас аз ҷароҳате, ки Роналду муқобили “Персеполис”-и Теҳрон гирифт, ҳоло пурра саломатиашро барқарор накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.