Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) даъвати футболбоз Криштиану Роналдуро ба Тоҷикистон ҳоло дар нақша надорад. Овозаҳои дар ин маврид паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.
Ноби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ин овозае беш нест, шояд оянда Федератсия ба ин кор машғул шавад, лекин айни замон дар ин бора ҳарф задан барвақт аст”.
Мухлисони футболи Тоҷикистон омадани футболбози маъруфро дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” интизорӣ доштанд, аммо ӯ наомад.
Ҳарчанд бозӣ бидуни Роналду низ хеле хуб сурат гирифта бошад ҳам, аммо мухлисон изҳори таассуф доштанд, ки бо чашмони худ аз бозии футболбози машҳур лаззат бурда натавонистанд.
Қаблан футболбозони маъруфе чун Мишел Платини, Кристиан Карамбю, Давид Трезеге ва дигарон ба Тоҷикистон омада буданд.
Ба гуфти Ҷӯразода, “ФФТ дар оянда кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки футболбозони маъруф ба Тоҷикистон оянд”.