Дар Тоҷикистон барои баргузории аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол омода мешаванд. Тибқи иттилои аз мақомоти кишвар дастрасгирда, 25-уми май дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар фестивали футбол баргузор мегардад. Дар чорабинии асосӣ, ки дар майдони “Истиқлол ва Озодӣ” баргузор мешавад, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок мекунад.
Рӯзи ҷаҳонии футбол тибқи нақшаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тарҳрезӣ ва таҷлил мегардад.
Аз ФФТ ба “Азия – Плюс” гуфтанд, дар Душанбе чорабинии асосӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Дар он 600 нафар кӯдакону наврасони аз 5 то 15-сола иштирок мекунанд.
“Дар варзишгоҳи марказӣ бо ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва президенти ФФТ ва иштироки наздики 20 ҳазор нафар намоиши футбол баргузор мегардад ва он аз соати 9‑и субҳ то 10 давом мекунад”, - иброз намуданд аз ФФТ.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар майдони “Истиқлол ва Озодӣ” рӯзҳои 25‑26-уми май аз соати 16 то 22 чорабинӣ бахшида ба рӯзи футбол баргузор мешавад, ки тамошобинонро вохурӣ бо беҳтарин бозингарони кишвар, ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи тоҷик ва дигар чеҳраҳои шинохта интизор аст.
Дар умум, дар 12 шаҳру ноҳияҳо, аҳ ҷумла, Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивали футбол баргузор мешавад, ки дар онҳо 5 ҳазор кӯдак иштирок менамоянд.
Ба таъкиди масъулин, ин чорабиниҳо ба хотири таваҷҷуҳи бештари наврасон ба футбол баргузор мегардад ва дар пайи он, аз байни иштирокчиён дар шаҳру ноҳияҳо беҳтаринҳо интихоб шуда ба машқу тамрини футбол ҷалб мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бори нахуст, моҳи феврали соли равон Рустам Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба СММ пешниҳод кард, нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман 25‑уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад. Рӯзи 7-уми май Ассамблеяи генералии СММ бо қабули қатънома, ин пешниҳодро пазируфт.
94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?
Ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзигули 13-сола баъди 8 моҳи ғарқшавияш. Масъулин сабаби таъхири кофтуковро шарҳ доданд
Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?
Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”
“Ҳама иншооти сайёҳиро месанҷанд”. Нигаронии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кам будани шаркатҳои сайёҳӣ
Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад
Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?
Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фаросати Луқмон”
Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста