Дар доираи даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дар гурӯҳи “А” дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ба масофи “Ал-Вақра”-и Қатар рафт. Рақобати дастаҳо шоми дирӯз, 4-уми декабр дар Қатар баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи “Равшан” поён ёфт.
Ду голи “Равшан”-ро Азизбек Ҳаитов ва Амирҷон Сафаров ба ҳадаф расонданд. Баъди ин пирӯзӣ футболбозони шаҳри Кӯлоб соҳиби се имтиёз шуданд, аммо роҳхати марҳилаи баъдиро ба даст оварда натавонистанд. Зеро “Равшан” пас аз нокомӣ бо ҳисоби бузурги 0 бар 7 аз “Трактор”-и Эрон дар даври гузаштаи марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст дода буд.
Ҳамин тавр, аз гурӯҳи “А” дастаи “Трактор” бо 10 хол ва “Ал-Вақра” бо 4 имтиёз ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шуда, ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд. Дастаи “Равшан” бо доштани 3 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт ва ин мавсими мусобиқот барояш анҷом ёфт.
Ёдрас мешавем, ки “Равшан” дар бозии якуми худ дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё бо “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон бозиро 0:0 мусовӣ карда, як имтиёз ба даст оварда буд. Аммо баъдан имтиёзи “Равшан” бекор шуд, зеро бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор” худдорӣ кард ва аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё хориҷ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки як рӯз пеш аз “Равшан” дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҳам охирин бозии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 анҷом дод. Ин даста 3-юми декабр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими “Сипоҳон”-и Эрон рақобат кард ва бо натиҷаи 0 бар 2 бозиро бохт.
Ҳамин тариқ, ин мавсими Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 барои “Истиқлол” поён ёфт ва ба гуфтаи коршиносон, бадтарин натиҷа дар таърихи иштироки даста дар мусобиқаҳои сатҳи Осиё будааст. Қаҳрамони футболи кишвар дар шаш бозии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа танҳо як гол зада, ҳеҷ имтиёзе ба даст оварда натавонист.
Ҳамакнун, бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.
Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд. Ду дастаи Тоҷикистон сарфи назар аз роҳхат нагирифтан ба марҳилаҳои финалӣ, барои иштирок дар даври гурӯҳии мусобиқа 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста