Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалии ҷудои “Tokyo Grand Slam 2024” (“Тоскулоҳи бузург”), ки рӯзҳои 7 ва 8-уми декабр дар Ҷопон баргузор шуд, танҳо як медалӣ биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқот, ки Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекард, Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Обид Ҷебов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Маттиа Миселии итолиёвиро шикаст дод. Баъдан вай дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Роналд Лимаи бразилӣ дастболо шуд. Аммо паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ мағлуб гардид. Ҷебови 26-сола дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Ҳината Онои 20-солаи ҷопонӣ ғалаба кард.
Ҷудокорони дигар, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Умед Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг дар ин мусобиқа бенасиб монданд.
Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик охирин мусобиқаи байналмиллалии куштии ҷудо дар соли 2024-ро бо як медали биринҷӣ ба охир расонданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум зинаи ҳафтумро соҳиб шуд.
Бояд гуфт, барои варзишгароне, ки дар мусобиқти байналмиллалии “Гранд Слами Токио” медали тилло мегиранд, 4000 евро ва барои мураббии ӯ 1000 евро ҷоизапулӣ муайян шуда буд. Барои барандаҳои медали нуқра 2400 евро ва барои мураббиёнашон 600 евро ҷоизапулӣ маълум шуда буд. Соҳибони медалҳои биринҷӣ 1500 евро ва мураббиҳои онҳо 300 евро бояд мегирифтанд.
Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷоиза мегиранд, барои рейтингҳои байналмиллалии худ хол ҳам ба даст меоранд. Ҷудокороне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз мегиранд. Онҳое, ки ҷойҳои 5 ва 7-умро соҳиб мешаванд, мутаносибан 360 ва 260 хол ба даст меоранд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Тоҷикистон дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи Бузурги Токио” медал ба даст оварда натавонист. Ба хайати мунтахаби кишвар даҳ варзишгар шомил буд. Аз ҳама натиҷаи беҳтарро Сомон Маҳмадбеков нишон дода, дар вазни то 81 килограм чои панчумро гирифта буд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста