Шаби гузашта, 11-уми апрел, дастаи миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 бо мунтахаби Эрон дидор анҷом дод.
Ин рақобат дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи дастаи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Голҳои дастаи моро Меҳрубон Одилзода, Аҳмадҷон Шоев ва Абдулло Иброҳимзода ба самар расониданд.
Баъди ин пирӯзӣ тими миллии наврасони Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз садри аввали гурӯҳи “D” ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.
Ҳамчунин, бо роҳ ёфтан ба ин марҳилаи Ҷоми Осиё наврасони тоҷик роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, низ ба даст оварданд.
Бозии дигари гурӯҳи “D” миёни мунтахабҳои наврасони Куриёи Шимолӣ ва Уммон бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Ҳамин тавр, Куриёи Шимолӣ 5 хол ба даст оварда, баъд аз Тоҷикистон роҳхат ба марҳилаи баъдии мусобиқаро ба даст овард.

Дар ду бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Тоҷикистон бар тими Уммон бо ҳисоби 2-1 ғолиб гардида, аз Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 3-0 мағлуб шуда буд.
Ҳамакнун, дастаи наврасони тоҷик дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамтоёни худ аз Куриёи Ҷанубӣ рақобат мекунанд.
Ин бозӣ рӯзи 14-уми апрел дар варзишигоҳи "Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити"-и шаҳри Ҷидда соати 22:15 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ин бори сеюм мешавад, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбад. Пеш аз ин наврасони тоҷик дар дар Ҷоми ҷаҳон дар Куриёи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) ширкат варзида буданд.




Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026
“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?
Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста