Ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон 5 медал, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ин мусобиқа аз 3 то 6-уми июл дар шаҳри Алматои Қаазоқистон баргузор гардид ва кишвари моро 37 ҷудокор, 15 нафар миёни наврасон ва 22 кас миёни ҷавонон намояндагӣ карданд.
Миёни наврасон ду паҳлавони тоҷик - Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кг медали нуқра ва Бобоҷон Шаропов дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар рақобатҳо миёни ҷавонон бошад, се ҷудокори мо - Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг соҳиби медали нуқра, Умар Шеров дар вазни то 66 кг ва Бинёмин Назаров дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Қазоқистон 459 ҷудокор аз 10 кишвари қора иштирок кардаанд.




16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста