Аз 26 то 28 сентябри соли равон дар шаҳри Синдаои Чин яке аз мусобиқаҳои пурнуфузи байнулмилалӣ оид ба ҷудо - Qingdao Grand Prix баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад. Дар он аз иштироки зиёда аз 20 дастаи мунтахаби кишварҳо, аз ҷумла Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон интизорӣ меравад.
Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳам устодони соҳибтаҷриба ва ҳамистеъдодҳои ҷавон рақобат мекунанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду – 60 кг), Обид Ҷебов (66 кг), Абӯбакр Шеров, Масъуди Аҳмадзод (ҳарду – 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Аҳлия Муминова (48 кг), Александра Кан (57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг).

Аз ҳунарнамоии яке аз ҷудокорони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков умедвориҳои зиёд ҳаст. Ҳамчунин дигар ҷудокорони маъруф Абӯбакр Шеров ва Обид Ҷебов ҳам омодаанд, ки барои ҷоизаҳо мубориза баранд.

Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок дар Qingdao Grand Prix 2025 на танҳо имкон барои санҷиши қувва пеш аз оғози мусобиқаҳои минтақавӣ, балки имкони дарёфти холҳо дар радабандиҳомии IJF аст. Ин холҳо мустақиман ба тақсими квотаҳо барои Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес таъсир мерасонанд.
Рақобат хеле шадид хоҳад буд: ин мусобиқа маъмулан ҷудокорони пурқувваттаринро гирдиҳам оварда, марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон, инчунин дарёти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2028 маҳсуб меёбад.
Созмондиҳандагон мусобиқа сохтори маъмули серӯзаро нигоҳ доштаанд - рӯзи аввал, 26 сентябр: мардон 60 кг, 66 кг, занон: 48 кг, 52 кг, 57 кг; рӯзи дуюм, 27 сентябр мардон 73 кг, 81 кг, занон 63 кг, 70 кг; рӯзи сеюм, 28 сентябр: мардон 90 кг, 100 кг, +100 кг, занон: 78 кг, +78 кг.




Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста