Дар бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни тимҳои миллии то 23-сола (U-23) Тоҷикистон аз Сурия шикаст хӯрда, роҳхат ба марҳилаи асосии ин мусобиқаро аз даст дод.

Рақобати дастаҳои олимпии футболи Тоҷикистону Сурия шоми рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи дастаи меҳмон анҷом ёфт. Дар бозии дигари гурӯҳи “К”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Филиппин бо натиҷаи 4:0 Непалро ноком кард.

Ҳамин тавр, аз ин гурӯҳ танҳо тими миллии олимпии Сурия бо ғалаба дар ҳамаи бозиҳо ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпӣ 34 даста ширкат карда, дар 11 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) мубориза бурданд. Баъди анҷоми марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва чаҳор тими беҳтарини зинаҳои дуюм ба қисми ниҳоии мусобиқа, ки аз 7 то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ доир мегрдад, роҳхат гирифтанд.

Аз миёни кишварҳои ҳамсояи мо Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.