Муҳиддин Асадуллоев, паҳлавони 19-солаи тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон медали тилло ба даст овард. Ӯ тавонист корномаи ду ҷудокори шинохтаи тоҷикро такрор кунад.
Ӯ дар вазни то 73 кг куштӣ гирифта, дар марҳилаи ниҳоӣ муқобили Рюсей Аракава аз Ҷопон пирӯзӣ ба даст овард.
То ин марҳила, Муҳиддин Асадуллоев дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Кай Уоллес аз Амрико пирӯз гардид. Баъдан Муҳриддин Маъруфовро аз Ӯзбекистон мағлуб карда, ба чорякфинал баромад.
Ӯ баъди ғалаба бар Абдусалом Белбелҳоут аз Алҷазоир ба нимфинал роҳ ёфт ва дар даври ниманиҳоӣ бар Кейто Киҳараи ҷопонӣ дастболо шуд.

Ҳамин тавр, Муҳиддин Асадуллоев корномаи Сомон Маҳмадбеков ва Эмомалӣ Нуралиро такрор карда, сеюмин ҷудокор аз Тоҷикистон шуд, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон медали тило гирифт.
Ҳамакнун, варзишгарони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон бо як медал ба ватан бармегарданд.
Ин мусобиқа дар шаҳри Лимаи кишвари Перу ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар он 4 варзишгар намояндагӣ карданд. Се нафари онҳо - Икром Шамсов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов ва Эҳсон Сафарзода (ҳарду) дар вазни то 66 кг дар рӯзи аввали мусобиқа дар марҳилаҳои гуногун ноком шуда, аз медалҳо бенасиб монданд.




Тирамоҳи заррини Тоҷикистон. Беҳтарин аксҳои хонандагони “Азия-Плюс”-ро гирд овардем
Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 ноябри соли 2025
Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?
Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе
Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон–2025" шурӯъ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста