Аз 28 то 30-уми ноябр дар Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Аараб яке аз мусобиқоти калидии охири мавсими соли равон - мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” ("Abu Dhabi Grand Slam - 2025") баргузор мешавад.
Дар мусобиқа аз 43 кишвар дар маҷмӯъ 365 варзишгар сабт шудаанд - 212 мард ва 153 зан, ки рақобатро дар ҳар як вазн шадид хоҳад кард. Тоҷикистон ба мусобиқа маъмулан ба сифати кишваре меравад, ки доимо ҷудокорони бомаҳоратро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Ҳайати мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон дар 10 вазн миёни мардон иборат аст: Меҳрзод Сӯфиев (60 кг), Муллораҷаб Халифаев (66 кг), Абӯбакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев (ҳарду – 73 кг), Суннатулло Мӯсоев, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду – 81 кг), Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду - 90 кг), Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду - 100 кг).

Иштирок дар "Abu Dhabi Grand Slam" марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мавсими 2026 ва мусобиқаҳои интихобии давраи нав маҳсуб меёбад.
Ин мусобиқот дар "Mubadala Arena", ки борҳо мусобиқаҳои пурнуфузиҷаҳониро қабул кардааст, баргузор мешавад.
Фонди умумии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ҷудокорон барои дарёфти медали тиллои мусобиқа 5 ҳазор, нуқра - 3 ҳазор ва биринҷӣ - 1 ҳазору 500 евро мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста