Ананд Пранав, намояндаи Ҳиндустон дар мусобиқаи байналмилалии шатранҷ (шоҳмот) барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки аз 10 то 16-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд, аз 9 имтиёзи имконпазир 7 имтиёз ба даст оварда ғолиби ин мусобиқа ва соҳиби ҷом шуд.
Ӯ ҳамчунин, соҳиби 10 ҳазор доллар шудааст.
Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо дастгирии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) ташкил шуд. Мусобиқа дар ду гурӯҳи асосӣ — “А” ва “В”- сурат гирифт.

Дар гурӯҳи “А”, ки шомили бузургустодон буд, ҷойи дуюм ва сеюм насиби Сергей Дригалов ва Никита Афанасев, шатранҷбозон аз Русия гардид. Дригалов бо медали нуқра ва 8000 доллар ва Афанасев бо медали биринҷӣ ва 5000 доллар сарфароз гаштанд.
Дастаи олимпии Тоҷикистон дар шатранҷ, ки дар гурӯҳи “А” ширкат доштанд, аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.
Дар гурӯҳи “В”, ки зиёда аз 130 шатранҷбози синну соли гуногун ширкат доштанд, Исломбек Ҳусанови 11-сола аз Узбекистон ғолиб шуд. Намояндаи дигари Узбекистон - Муҳаммаддиёр Маҳмадуллоев - медали нуқра гирифт. Оксана Горячкина аз Русия бо нишони биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар гурӯҳи “В” бошад, намояндагони Тоҷикистон 6 зинаи ифтихорӣ (ҷоизавӣ)-ро касб карданд.

Дар мусобиқа зиёда аз 80 шатранҷбози сатҳи байнулмилалӣ аз 15 кишвар ширкат доштанд. Рақобатҳо бо низоми швейтсарӣ дар 9 давр ба назорати классикии вақт: 90 дақиқа бо иловаи 30 сония барои ҳар як гашт шурӯъ аз гашти аввал гузаронида шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми президенти Тоҷикистон” 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.



