Размикори шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев дар муҳорибаи сеюми худ дар доираи Лигаи маъруфи UFC низ боз пирӯзӣ ба даст овард.
Ӯ рақиби размикор аз Британия Рем Шокро шикаст дода, сеюмин пирӯзияшро дар Лигаи “UFC” ба қайд гирифт
Ин муҳориба дар доираи муборизаҳои ташкилоти “UFC” шоми 22-юми ноябр, дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор гардида, Нурулло бо қарори якдилонаи доварон дар он пирӯз шуд.
Нурулло Алиев, ки бо лақаби “Уқоби тоҷик” ҳам шинохта мешавад, соли 2023 ба ташкилоти маъруфи “UFC” ворид шуда буд. Ӯ дар доираи ин ташкилот мубориза гузаронида, дар ҳарсеяш ғолиб омадааст. Алиев дар умум дар муҳорибаҳои омехта 11 рақобат анҷом дода, дар ҳамааш пирӯз шудааст.
Шем Роки 32-сола, рақиби имрӯзаи Нурулло то кунун дар 12 набардаш як шикаст ва як мусовӣ дошт.
Нурулло Алиев ҳоло боре ҳам шикаст нахӯрда, дар мусобиқаҳо байни ҳавасмандон ду маротиба чемпиони ҷаҳон оид ба панкратион шудааст. Дар мусобиқаҳои касбӣ (ҳирфаӣ) бошад, соли 2018 бори нахуст дар промоушенҳои Русия якчанд рақобат барпо кард ва баъди пирӯзӣ дар Contender Series ба Лигаи UFC даъват шуд.
Дар ин лига рақобати аввалини худро Алиев бо Рафаэл Алвес моҳи феврали соли 2023 дар мусобиқаи UFC Fight Night 220 баргузор намуд. Дар рақобате, ки тамоми вақти ҷудошуда давом кард, Нурулло бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд.
Моҳи ноябри соли 2023 дар буғуми зонуи ӯ ҷарроҳии вазнин сурат гирифта, барои муддати тӯлонӣ аз қувваозмоӣ дур монд, аммо акнун дубора ба толор баргашт.





Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунад?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста