Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик дар доираи рақобатҳои пешакии мусобиқаи "UFC 323" аз Майрон Сантос, размикори бразилӣ шикаст хӯрд. Муҳорибаи онҳо шоми 7-уми декабри соли равон дар иёлати Невадаи ИМА баргузор шуд.

Пеш аз рақобат намояндаи Бразилия барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳ доштани вазн ба андозаи 20%-и ҳақмуздаш ба фоидаи Наимов ҷарима шуд. Рақобат бояд дар 3 раунд мегузашт, вале пеш аз муҳлат анҷом ёфт.

Дар лаҳзаҳои аввали даври сеюм, Майрон Сантос бо як ҳамлаи шадид Муҳаммад Наимовро ба замин афтонид ва довар нокаути техникӣ сабт карда, маҷбур шуд ҷангро қатъ намояд. Муҳориба дар сонияи 0:21-и даври сеюм боздошта шуд.

Акс аз UFС

Ҳамин тариқ, ин бохти чоруми муҳаммад Наимов дар чунин муҳорибаҳо аст. Ин аввалин бохти Муҳаммад Наимов бо нокаут дар даври ҳунарнамоии касбиаш мебошад.

Майрон Сантос силсилаи муҳорибаҳои пайдарпайи худро ба 5 ғалаба расонид, ки 4-тоашро дар UFC ба даст овардааст. Ӯ  бо ин пирӯзӣ мақоми худро дар UFC нигоҳ дошт. 

Баъди шикаст, Муҳаммад Наимов соҳиби 77 ҳазору 200 доллар гардид. (60 ҳазор доллар-барои роҳ ёфтан ба рақобат бо шумули ҷаримаи ҳариафш ба фоидаи ӯ, 6 ҳазор доллар-пардохт аз сӯи сарпарастон, 11 ҳазору 200 доллар – ҳиссаи PPV).
Акс аз UFС

Ёдрас мекунем, ки ахиран тобистони ҳамин сол Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи "UFC Fight Night" дар шаҳри Боку бар ҳарифи худ аз Утриш (Австрия) Богдан Град (15-3) пирӯз шуд. Ин 13-умин пирӯзии ӯ дар муҳорибаҳои омехта маҳсуб меёфт. Пеш аз ин Наимов моҳи феврали соли 2025 муқобили варзишгари турктабор аз Австралия Каан Офлӣ размида, бо қарори доварон ғалаба карда буд.

Муҳаммад Наимов, маъруф бо номи "Hillman", – яке аз намояндаи барҷасти Тоҷикистон дар муҳорибаҳои омехта ё ММА аст. Ӯ соли 2023 муваффақона ба UFC ворид шуд. То моҳи майи соли 2025 ӯ ба якчанд ғалабаи назаррас (аз ҷумла бо нокаут) ноил гардида, худро ҳамчун зарбазани пуртаҷриба нишон дод.

Наимов бо усули ҷанговарона ва ҳамлагар дар рақобат ва зарбаҳои қавиаш маъруф аст. Рақобатҳояш дар UFC мавриди таваҷҷуҳи мухлисон ва мутахассисон қарор гирифта,  ӯ имкон дорад, ки ба зинаҳои баландтари радабандиҳо дар вазни нимасабук боло равад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳам ғалабаҳо ба даст овардаву ҳам ба бохтҳо дучор гардида, дар рақобатҳои асосӣ (мейнкардҳо)-и мусобиқаҳои "UFC Fight Night" ва PPV дилпурона ҳунуарнамоӣ мекунад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.