Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд коршиносон раванди коҳиш ёфтани истеҳсоли спирт ва машруботро қайд кардаанд. Ба гуфтаи Матлуба Оқилова, сардори шӯъбаи саноати Кумитаи омори вилоят, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ин ҷо 277 ҳазор литр навъҳои арақи гуногун истеҳсол шудааст. Ба қавли ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои вилоят 431 ҳазор литр арақ истеҳсол карда буданд. «Истеҳсоли спирт қариб ду баробар коҳиш ёфтааст: 338 ҳазор литр дар панҷ моҳи соли гузашта ва 179 ҳазор литр дар соли равон», - идома дод М.Оқилова. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон дар вилояти Суғд 19 корхона ба истеҳсоли арақ машғул мебошанд. «Соли ҷорӣ 3 корхона аз истеҳсоли арақ даст кашида, ба истеҳсоли нӯшокиҳои нисбатан сабуки машруботӣ ва лимонад гузаштанд», - изҳор дошт коршинос ва афзуд, ки дар вилоят асосан ба истеҳсоли арақ ва спирт корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарукор доранд.
Радио эфир



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста