Кӯлоб. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Кӯлоб додани шиносномаҳои хориҷӣ аз нав шурӯъ шуд. Моҳи марти соли ҷорӣ он қатъ гардида буд.

Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилииҶТ дар минтақаи Кӯлоб Абдуғаффор Фаттоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шиносномаҳои хориҷӣ ба миқдори зарурӣ оварда шудаанд ва минбаъд дар ин масъала мушкилоте ҷой нахоҳад дошт.

Ба қавли ӯ, дар муддати якчанд рӯз ба шаҳрвандон наздик ба 1 ҳазор адад шиносномаҳо дода шудаанд ва рӯзҳои наздик талаботи аҳолӣ бояд пурра қонеъ гардад.

«Хадамоти муҳоҷират ба бинои замонавӣ мекӯчад ва он ҷо барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда мешавад», - гуфт А.Фаттоев.

Ёдрас мекунем, ки 12 март дар Кӯлоб 1 ҳазору 750 нафар шаҳрвандон мехостанд, барои кор ба Русия ва кишвархои дигар раванд. Қисми онҳо бо шиносномаҳои дохилӣ аз 1 апрел тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар раҳсипор гашта буданд, ки ба иллати гаронии нархи чиптаи он на ҳар кас имкони харидории онро дошт.