Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -   Президенти Ҷ Т Эмомал ӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказ ӣ Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи кишварҳои минтақа, сатҳи муносибатҳо ва ҳамкории онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз мулоқот М.Енча ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ,   зимни сӯҳбат ба Э. Раҳмон доир ба ҳадафу вазифаҳои ин сохтори навтаъсис маълумот дода, изҳори умед намудааст, ки марказ бо мусоидат ва дастгирии роҳбарияти давлатҳои Осиёи Марказ ӣ метавонад ба бартараф намудани мушкилоти ҳамкории минтақав ӣ дастёб шавад.

«Дар баробари ин, дар навбати аввал огоҳ будан аз мавқеи намояндагони ҳама кишварҳои минтақаро муҳим мешуморам ва дар асоси он таҳияи нақшаи кори марказро баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта зарур медонам», - идома дод ӯ.

М.Енча ёдрас кард, ки Марказ минтақавӣ буда, бо ризоияти ҳамаи панҷ давлатҳои минтақа ва дастгирии СММ ва Шӯрои амнияти он таъсис дода шудааст.

«Ин аллакай гарави комёбӣ аст, - гуфт роҳбари марказ. - Ин сохторе нест, ки онро зӯран касе ба сари кишварҳо бор карда бошад, балки он сохторест, ки чун қисми таркибии ислоҳоти СММ ва бо дастгирии кишварҳои минтақа таъсис ёфтааст».

«Мо нусхабардорӣ карданӣ нестем, балки ҳамоҳангӣ ва табодули таҷрибаро дар фаъолият пеш мегирем», - афзуд ӯ. М.Енча таъкид сохт, ки Марказ - дафтари сиёсӣ ва роҳбари он намояндаи махсуси дабири кулли СММ аст.

Перомуни мушкилоти ҷойдошта оид ба масъалаи об дар минтақа роҳбари марказ изҳор дошт, ки ба вазъият воқеъбинона баҳо додан зарур аст ва ин кори як ё дурӯза несту ҳалли мусбати он вақт ва иродаи сиёсиро талаб мекунад.

Дар посух ба суол дар мариди назари манфӣ доштани чанде аз кишварҳои ҷудогона бобати сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ дар ҶТ, М.Енча зикр кард, ки ӯ ният дорад, бо роҳбарони ҳамаи кишварҳои минтақа ин масъаларо баррасӣ намояд.

«Мо бевосита ба дабири кулли СММ ва Шӯрои амнияти он тобеъ ҳастем ва ба онҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи минтақаро пешниҳод месозем, - идома дод ӯ. - Фикр мекунам, ки ин ҷо зиддияти ошкоро нест, вале мушкилоте мавҷуданд, ки метавонанд боиси ба вуҷуд омадани вазъи номақбул гарданд. Ба ин хотир, марказро зарур аст, тарзи пешгирии чунин ҳолатро роҳандозӣ намояд».