Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» - Дар ВМКБ тобистони имсол   4083 нафар номаи камол гирифтанд, ки нисбат ба соли гузашта 161 нафар камтар аст.

                   Коҳиши мизони таваллуд ба камшавии шумораи толибилмон ва хатмкунандагони макотиб сабаб шудааст.

Дар маҷмӯъ тайи ду соли охир шумораи хонандагон дар макотиби Бадахшон 9 ҳазор нафар кам шудааст.

Мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, танзими оила ва раванди муҳоҷират омилҳои асосии таъсирасон ба мизони таваллуд ва камшавии шумораи хонандагон дар макотиби вилоят аст.