Хуҷанд. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба шаҳраки Адрасмони ноҳияи Қайроққуми вилояти Суғд барои бунёди корхонаи маъдантозакунӣ 40 вагон масолеҳи сохтмон оварданд.

Муовини аввали раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Юлдошев мегӯяд, ки дар навбати аввал онҳо таҳкурсии бинои маъдантозакунии коркарди сурбу руҳро мерезанд.

Ба гуфтаи ӯ, сипас аз Чин таҷҳизоти зарурӣ оварда, онро насб мекунанд, ки иқтидори навбати аввали он истеҳсоли 300 ҳазор тонна маъданро ташкил медиҳад ва дар сурати бо иқтидори пурра ба кор даромадан он ба 1 миллион тонна баробар хоҳад шуд.

«Насби таҷҳизоти корхона моҳи октябр ба анҷом расида, моҳи октябри соли ҷорӣ маҳсулоти аввалин тавлид хоҳад гардид, - идома дод Х.Юлдошев. - Айни замон дар корхона беш аз 300 нафар машғули коранд».

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, мақомоти роҳбарии корхона аз ҷониби Чин хостори онанд, ки ҳукумати маҳаллӣ зудтар масъалаи ҷудо кардани қитъаи заминро ҷиҳати сохтмони иншооти зерсохтори ширкат ҳал кунанд.