Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Ояндаи наздик дар низоми маорифи ҷумҳурӣ Маркази байнулмилалии идрорпулии «Дурахшандагон» таъсис дода мешавад», - изҳор дошт ахири ҳафтаи гузашта дар мизи муддавари бахшида ба молиягузории низоми маорифи ҶТ бо иштироки созмонҳои мададрасон вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов.
«Пешниҳоди таъсиси чунин марказ дар ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфт ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо мақомоти дахлдор мувофиқа карда шудаанд», - гуфт А.Раҳмонов. - Пас аз қарори дахлдори ҳукумат ба донишҷӯёни тоҷики хориҷи кишвар, ки бо роҳхати вазорат ба таҳсил рафтаанд, ба миқдори аз 2 то 50 ҳазор доллари амрикоӣ идрорпулӣ муайян карда мешавад».
Ба қавли ӯ, соли равон аз буҷаи давлатӣ барои донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм мекунанд, 2,8 млн. сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 40% бештар аст.



Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста