Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муноқишаи додгоҳии демократҳо - Масъуд Собиров ва Саидҷаъфар Исмонов ба манфиати раиси расман эътирофшудаи Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) М.Собиров ҳал шуд.
Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» С.Исмонов изҳор дошт, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оид ба аризаи даъвогии М.Собиров бобати пардохти «зарари маънавӣ» ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ӯ ҳалнома содир кард.
Ёдрас мекунем, ки раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво карда буд, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.
Ҳамин тариқ, додгоҳ С.Исмоновро огоҳ сохта, ӯро ба маблағи 100 сомонӣ ҷарима кард.
Ба гуфтаи С.Исмонов, ӯ минбаъд муноқишаро давом доданӣ нест. «Танҳо гуфтаниам: барои хотима бахшидан ба хараҷу мараҷ дар фаъолияти ҳизб, ман омодаам ба ҷуз М.Собиров, бо ҳамаи демократҳо муттаҳид шавам», - афзуд С.Исмонов.



Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста