Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дар посгоҳи сарҳадии «Бародарӣ»-и шаҳри Турсунзода маросими аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек додани се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунии ин кишвар қарордошта баргузор мешавад.
Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур дар мулоқоти пешбинишудаи мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳади назди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.
«Интизор меравад, ки дар мулоқот масоили ҳамкории хадамоти марзбонии кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд», - изҳор дошт манбаъ.
Нисбт ба се нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон сарчашма зикр кард, ки онҳо дар қаламрави кишварашон як қатор ҷиноёт содир намуда, ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд.
«Иқдоми мазкур аз нияти неки мо дарак медиҳад», - афзуд сарчашма. Дар доираи вохӯрӣ ҳамчунин вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи мақомоти марзбонии кишварҳо таҳти шиори «Дӯстии бидуни марз» низ доир мегардад.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста