Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -
Дар хона-интернати кӯдакони ноқисулақли шаҳри Хуҷанд таъмири асосӣ дар арафаи анҷомёбист.
Сармутахассиси раёсати шӯъбаи малорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки барои таъмири интернат 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки тайи даҳсолаҳо ин муассиса чунин таъмирро надида буд. Корҳои таъмирро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон ба иҷро мерасонад ва анҷоми корҳо то 20-уми августи соли равон ба нақша гирифта шудааст.
«Дар ҳамин ҳол, 15-уми август мувофиқи роҳхати пизишкон қабули хонандагон ба синфи якум шурӯъ мегардад, ки дар ду синф 10 нафарӣ таҳсил хоҳанд кард., - гуфт ӯ. - Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 230 нафар мувофиқи барномаи таълимии махсус таҳсил мекунанд».
Мавсуф афзуд, ки аз ин миқдор 120 нафар ҳамеша дар хона-интернат зиндагӣ мекунанд ва онҳо аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Хуҷанд мебошанд. «Дар муассисаи таълимӣ 75 нафар муаллимону мураббиён фаъолият доранд», - гуфт дар анҷом С.Раҳматов.



Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста