Душанбе 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҳафт моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 2 млрд. 763,8 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24,7 фоиз зиёдтар аст.
Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, воридот нисбат ба содирот ду баробар ($896,4 млн.) бештар аст.
Содироти мол ба $933,7 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $64 млн. зиёд мебошад.
Воридоти мол $1 млрд. 830,1 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-июни соли 2007 $484,2 млн. бештар аст.
Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 80 давлатҳои хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт. Дар муомилоти савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои узви ИДМ 42,9 фоиз ё тақрибан $1 млрд. 186,2 млн. ва ба ҳиссаи давлатҳои хориҷи дур 57,1 фоиз ё $325,7 млн. маблағ рост меояд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста