Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ният дорад барои маҳкумшудагони шаш муассисаи ислоҳотӣ, ки панҷтоаш дар пойтахт воқеъанду яктои он дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ифтори моҳи шарифи Рамазон ташкил намояд.
Сухангӯи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи нахустин даҳаи моҳи Рамазон, ки Даҳаи раҳмат ном дорад, доир мегардад. Ӯ таъкид сохт, ки ҳизб ин иқдомро аз назари ҳадафи хайрия доштани он бахусус дар моҳи Рамазон ва дастгирии тарафдорону аъзои
ҳизб дар миёни маҳбусон роҳандозӣ мекунад.
«Миёни маҳбусон собиқ размандагони нерӯҳои мухолифини тоҷик, чанде аз фаъолони ҳизби мо ва тарафдорони ҳизби мо адои ҷазо мекунанд», - гуфт Ҳ.Сайфуллозода.
Дар ҳамин ҳол, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Хатлон Қаландар Садриддинов ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳукумат эълони афвро пешниҳод сохт. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши вилоятии ҳизб изҳор дошт, ки кишварҳои мусулмонӣ дар ин моҳ барои шаҳрвандони худ афви умумӣ эълон мекунанд. «Соли равон ҳатто Исроил дар пешорӯи моҳи шарифи Рамазон шаш нафар мусулмонони гаравгон гирифташударо озод намуд, - гуфт ӯ. - Хеле хуб мешуд, агар ҳукумати Тоҷикистон низ ба чунин иқдом даст мезад ва мо имкон пайдо мекардем, ки аз президент дархост намоем, то аъзои ҳизби моро, ки ба иттиҳоми узвият дар равияҳои мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, афв карда шаванд». Қ.Садриддинов зикр кард, ки аз шумораи мушаххаси зиндониёне, ки аъзои ҳизб ҳастанд, огоҳ нест, вале таъкид сохт, ки «ба ҳар ҳол, шумораи онҳо кам нест».



Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста