Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи октябри соли равон дар қасри «Пойтахт» ба ифтихори 40-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Вечерний Душанбе» маҳфили тантанавӣ баргузор мешавад. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Спидов хабар дод.

«Мақомоти шаҳрдории пойтахт пешниҳоди ҳайати эҷодии рӯзномаро оид ба баргузории озмун таҳти унвони «Шаҳри ман-Рӯзномаи ман» дастгирӣ карда, барои беҳтарин ҳикоя дар васфи пойтахт - 1500 сомонӣ, барои беҳтарин акси пойтахт - 1500 сомонӣ ва барои беҳтарин пешниҳодҳо оид ба беҳсозии ҳаёти иҷтимоии сокинони пойтахт - 2000 сомонӣ ҷоизаҳо таъсис дод», - гуфт Ш.Саидов.