Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар Маҷмаъи 63-юми Кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) озими шаҳри Ню-Йорки Амрико гашт.

Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар Ню-Йорк Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин ҷараёни боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз Амрико, ки аз 23 то 27-уми сентябр сурат хоҳад гирифт, низ ҳамоҳанг хоҳад сохт.

Интизор меравад, ки дар Ню-Йорк Ҳ.Зарифӣ бо муовини дабири кулли СММ ва муовини маъмури Барномаи рушди СММ Адом Мелкерт, муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ Ҷон Холмс, вазири умури хориҷии Шоҳигарии Ҳошимии Ӯрдун Салоҳиддин Ал-Башир, сафири Исроил дар Тоҷикистон Эхуд Гол ва муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Ша Зуканг дидору гуфтушунид хоҳад кард.