Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Данғара корҳои иктишофӣ ва заминшиносӣ дар мавзеи бунёди корхонаи истеҳсоли семент аз ҷониби ширкати чиноии «Сюан-Юан» ба анҷом расиданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати идораи масолеҳи сохтмони Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Маҳмадҷон Охонов хабар дод, айни замон дар вазорат ҳисоботи корҳои гузарондаи иктишофӣ ва заминшиносии ширкати чиноӣ дар мавзеи сохтмон мавриди омӯзиш қарорр доранд ва ояндаи наздик бунёди иншоот шурӯъ хоҳад шуд.

            Ба қавли намояндаи вазорат, иқтидори корхона истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як солро ташкил хоҳад дод ва бо назардошти интихоби технология сохтмони он аз 120 то 180 млн. доллари амрикоиро талаб хоҳад кард. Мӯҳлати иҷрои лоиҳа бо сармоягузории пурраи ҷониби Чин 30 моҳро дар бар мегирад.  

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷ умҳур ӣ иттилоъ доданд, ки талаботи ҷ умҳур ӣ ба семент ҳамасола 40 дарсад зиёдтар мешавад ва айни замон он ба 1,5 млн. тонна семент дар як сол арзёб ӣ мешавад. Ягона корхонаи бузурги истеҳсоли сементи кишвар «То ҷ иксемент» бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. тонна семент дар як сол ба иллати фарсудашавии та ҷ ҳизотҳо соле то 500 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад ва барои қонеъ сохтани талабот, ин масолеҳи зарурии сохтмон ӣ аз хори ҷ и кишвар ба ҷ умҳур ӣ ворид карда мешавад.