Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирии глобалӣ   аз мақоми 117 ба мақоми 116 боло рафтааст. Дар ин бора дар Гузориши чанде қабл интишорнамудаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирии глобалӣ дар солҳои 2008-2009 хабар дода мешавад.

            Дар таҳқиқоти доирнамуда иқтисоди 134 кишвари дунё мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Мақоми аввалро чун соли гузашта Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ишғол менамояд.

            Миёни кишварҳои узви ИДМ Русия низ аз зинаи 58 ба зинаи 51-ум боло рафтааст, вале Қазоқистон аз зинаи 61-уми соли гузашта ба зинаи 66-ум поин фаромадааст. Дар рейтинг Озарбойҷон дар мақоми 69, Украина - 72, Гурҷистон - 90, Молодова - 95, Арманистон - 97 ва Қирғизистон - 122-ум қарор доранд.