Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Вашингтон зимни нишасти матбуотӣ президенти Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик изҳор дошт, ки дар шароити феълии бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, кишварҳои қашшоқтарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, пеш аз ҳама, Қирғизистону Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи бонк қарор доранд.
Р.Зеллик зикр кард, ки вазъ дар Қазоқистон, Украина ва Русия низ на он қадр хуб аст ва афзуд, ки дар баробари ин Русия қодир аст, дар чунин шароит ба дигарон кӯмак намояд.
«Зимни таҳияи нақшаҳои раҳоӣ аз бӯҳрон ниҳодҳои молиявӣ бояд вазъи кишварҳои қашшоқро низ ба назари эътибор гиранд», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки вазъи молиявии Бонки ҷаҳонӣ устувор аст ва дар чунин шароити бӯҳрони молиявӣ низ боиси нигаронӣ буда наметавонад.



Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста