Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи бозсозии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр»-ро ба имзо расонид.
Тавре сухангӯи КВДҲ «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова хабар дод, мувофиқи қарор бо ҷудо гардидан аз ҳайати КВДҲ «Тоҷик Эйр» панҷ корхонаи воҳиди давлатии дигар - КВД «Тоҷикаэронавигатсия», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Душанбе», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Хуҷанд», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Кӯлоб», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Қӯрғонтеппа» таъсис дода шуда, дар маҷмӯъ бо КВДҲ «Тоҷик Эйр» шаш корхонаи тоза арзи вуҷуд мекунад.
Ба гуфтаи намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ, амалисозии қарори мазкур, ки дар таърихи 1-уми октябр аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расидааст, ба дӯши комиссияи махсуси салоҳиятдори аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ташкилгардида вогузор мешавад. Анҷоми бозсозии КВДҲ «Тоҷик Эйр» то ахири сол пешбинӣ шудааст.
Н.Давлатова зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссияи мазкур тақсими тавозун (баланси) миёни корхонаҳои тозатаъсис аст. «Сипас аз рӯи натиҷаҳои хулосаи комиссия оинномаҳои ин корхонаҳо таҳия гардида, роҳбарони корхонаҳо таъин хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, ки ба ҷуз КВД «Тоҷикаэронавигатсия», корхонаҳои тозатаъсиси дигар ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил дода мешаванд. «Саҳмияи назоратӣ сад дарсад ба давлат таллуқ хоҳад дошт ва ин корхонаҳо хусусӣ гардонида намешаванд», - таъкид сохт Н.Давлатова.



Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "ITB Berlin-2026"
"10 ҳазор сомонӣ ришва гирифт". Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Леваканд қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Пешгӯии коршиносон дар бораи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон
Оғози мавсими мубориза бо малах. Барои нобудсозии ин ҳашарот аз паҳподҳо истифода мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста