Душанбе. 17-уми октябр - Президенти кунунии Озарбой ҷ он Илҳом Алиев ин курсиро барои 5 соли дигар ҳифз кард. Комиссияи интихоботи Озарбой ҷ он бар асоси шумориши 70 дарсади овозҳо гуфт, дар интихоботи президентии р ӯ зи 15 октябр Илҳом Алиев 89 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Мизони иштироки мардум дар интихобот ҳудуди 77 фоиз бароварда шудааст.

Шаш ташаккули умдаи мухолифини озар ӣ интихоботро таҳрим карда, гуфтаанд, ки маҳдуд будани демократия ва озодии матбуот ширкати онҳоро дар ин маърака беҳуда мекунад.