Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ба таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия 85 сол пур мешавад.

  Бахшида ба ин сана имрӯз   дар сафорати Туркия дар Тоҷикистон чорабинии идона баргузор мешавад.

Дар чорабинӣ аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, вакилони парлумони кишвар, намояндагони илму фарханг, ташкилотҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ва намояндагони ВАО ширкат хоҳанд кард.