Душанбе. 31-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Зиёда аз 70 дарсади лифтҳо дар биноҳои истиқоматии пойтахт корношоям   мебошанд. Дар ин бора муовини раиси шаҳри Душанбе - Ҷ амшед Мансуров хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ , айни замон дар ҳамаи навоҳии шаҳр марказҳо оид ба таъмири лифтҳо таъсис дода шудааст. Дар посух ба ин суол, ки аз кадом ҳисоб   лифтҳо таъмир мешаванд, Мансуров гуфт, мутобиқи қонунгузории ҷ умҳур ӣ , маблағ барои таъмири иншоот ва та ҷ ҳизоти дохили бинои маскун ӣ , аз ҷ умла болоравҳо бояд аз ҳисоби худи истиқоматкунандагон пардохт шавад.