Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

            Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сохтмони ин иншоот ҳанӯз дар даврони шӯравӣ шурӯъ гардида, вале бо сабабҳои маълум ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуда буд.

            Сарвари давлат ҳамчунин баён дошт: «Хушбахтона, пас аз ба имзо расидани созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия сохтмони он идома ёфт ва ин иншоот лоиҳаи бузургтарини сармоягузорӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки бо иштироки маблағгузории Русия ва ширкатҳои он амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҳамкории густарда ва шарикии стратегии кишварҳо гувоҳӣ медиҳад».

            Ба гуфтаи сарвари давлат, аз оғози ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ, дар ин ҷо 840 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки баҳри бартараф сохтани норасоии барқ дар ҷумҳурӣ як каме бошад ҳам, мусоидат намудааст.

            «Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳ, истифодаи босамару оқилонаи захоири обӣ хубтар ба нақша гирифта шуда, таъмини боэътимоди низоми энергетикии ҷумҳурӣ беҳтар хоҳад шуд», - таъкид сохт Э.Раҳмон ва афзуд, ки бо ба кор даромадани агрегати чоруми нерӯгоҳ иқтидори он ба истеҳоли 2,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад шуд.

            Дар суханронии худ Э.Раҳмон бори дигар таъкид сохт, ки Тоҷикистон ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ афзалияти бештар дода, таваҷҷӯҳи хос зоҳир месозад ва татбиқи лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дурустии сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти ҷумҳуриро дар ин самт собит меозад.

Маълумотнома: Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.