Хоруғ. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хоруғ тавассути ағбаи Хобурубот дар мавсими зимистон расман баста шуд.

  Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, ҳафтаи ахир дар ағба барфи зиёд борида ва дар кори роҳсозон мушкилӣ эҷод кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, барфи тар барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар нишебҷойҳои лағжони ағба ниҳоят хатарнок аст.

«Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ дар ин қитъаи роҳ, ситоди вилоятии ҳолатҳои фавқулъодда ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Хобуруботро манъ кард», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз ин ба баъд ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар самти Душанбе-Хоруғ танҳо тавассути Кӯлоб сурат хоҳад гирифт.