Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Иқтисодчии пешбари Бонки Ҷаҳонӣ Сударшан Канагараҷа изҳор доштааст, ки ҳиссаи нахи пахта дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ аз 9 дарсади соли 2003 дар соли 2007 то ба 2 дарсад поин рафта ва ҳиссаи дигар маҳсулоти бахши кишоварзӣ аз 13 дарсади соли 2004 дар соли 2007 ба 19 дарсад боло рафтааст.
«Дар Тоҷикистон бар асари кам шудани заминҳои кишт ва ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсоли пахта коҳиш ёфта, баръакс, аз ҳамин ҳисоб истеҳсоли зироати ғалладона ва сабзавот боло рафтааст», - гуфт.
Ба қавли ӯ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ба парвариши он маҳсулоте таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд, ки аз он даромади хуб ба даст оранд. «Аз ин рӯ, онҳо барои парвариши зироати ғалладона ва сабзавот бештар аҳамият додаву нуриҳои минералиро низ дар он мувофиқи мақсад хароҷот мекунанд», - зикр кард ӯ.
Намояндаи Бонки Ҷаҳони ҳамчунин иброз дошт, ки то ҳанӯз хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ дар интихоби зироати киштмекарда озод нестанд. «Бозори маҳсулоти бахши кишоварзӣ ба қадри кофӣ рушд наёфтааст (бозори дохилӣ маҳдуд аст ва ҳангоми содирот мушкилоти зиёди техникӣ ҷой доранд) ва барои рушду тавсеаи фаъолият дар бахши кишоварзӣ маблағҳои кофии қарзӣ мавҷуд нестанд», - афзуд ӯ.



Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста