Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ширкати тозае мавсум ба «ТИББЕКО сервис», ки дар соҳаи истифодаи партовҳои тиббӣ фаъолият хоҳад кард, муаррифӣ мегардад.

Тавре аз ширкати номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ сурат гирифта, он бо мақсади омӯзиши 300 корманди тиббӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ бо тарзи рафтори бехатар ҳангоми сарукор бо таҷҳизоти тиббии зараровар пас аз истифода доир мегардад.

Тибқи нақшаи пешбинишуда, иштирокдорон бо фаъолияти лоиҳаи муштараки Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҶДММ «ТИББЕКО-сервис» бо номи «Омӯзиш ва дастгирӣ» шинос мешаванд.

Дар машварати корӣ кормандони вазорати тандурустӣ, адлия, Маркази мубориза зидди бемории СПИД, бемории сил, раёсати ҳифзи муҳити зист ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.