Душанбе. 29-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз нақшаи маъракаи
даъвати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пурра ба итмом расид.
Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аввалин шуда аз иҷрои нақшаи даъват аз вилояти Хатлон хабар додаанд. «Сипас шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд низ аз иҷрои нақша мужда доданд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 16-уми сентябр оғоз гардида, бояд то 30-уми ноябр давом мекард. Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 600 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли лоиқ ба даъват ба хизмати ҳарбӣ сабт шудаанд. «Аз ин миқдор тақрибан 150 ҳазор нафар ҳуқуқи мавқуфгузорӣ ё озодӣ аз хизмат доранд ва ҳудуди 100 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд», - афзуд манбаъ.



Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста