Душанбе. 3-юми декабр - Имр ӯ з Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо як паём ба кишварҳои сайёра муро ҷ иат кард.

Соли ҷ ор ӣ , омадааст дар ин паём, мо Р ӯ зи байнулмилалии маъюборо расо як ҳафта қабл аз 60-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қайд мекунем: «Дар доираи СММ ин ду санаи муҳим таҳти шиъори «Шаъну адолат барои ҳамаи мо" қайд карда мешаванд».

Дар идомаи паём омадааст: «Соли равон мо ба бисёр чизҳо даст ёфтем. Ва гардиши кулл ӣ қабули Эъломияи ҳуқуқи маъюбон дар моҳи май гардид».

Ма ҷ мааи кулл мутазаккир шудааст, омадаааст дар паём, ки барои дастёб ӣ ба аҳдоф дар соҳаи рушди дар Эъломияи ҳазора омада мо бояд худи маъюбонро ба тамоми равандҳо ҷ алб намоем. Ва чун 80 дарсади маъюбон (беш аз 400 миллион одам) дар кишварҳои фақир ба сар мебаранд, моро зарур аст, ки фаъолтар амал кунем, то фақириву маъюбиро барҳам диҳем.

Дар ҳамин ҳол, Эътилофи байнулмилалии маъюбон бо шиори «Ҳалли масоили марбути мо – танҳо бо иштироки худи мо» амал мекунад. Ончунон ки як маъюб аз Свазиленд, ки к ӯ шиш дорад дар кишвари худ сиёсати мувофиқ бо манофеъи маъюбон роҳандоз ӣ шавад, мег ӯ яд «моро якпорчагиву эътилоф лозим аст, то ба мо бо ангушт ишора накунанд».

Дар поёни паём Дабири кулли СММ оқои Пан Ги Мун менависад: «Вобаста ба ин ман давлатҳо ва ҳама тарафҳои манфиатдорро бо исрор даъват мекунам, то маъюбону ташкилотҳои онҳо қисмҳои ҷ удонашавандаи ҳама равандҳои рушд гарданд. Ҳамин тариқ мо метавонем ба якпорчагии ҳама аъзои ҷ омиа мусоидат намоем ва ба эшон барои беҳбуд бахшидани ояндаи нектар роҳ кушоем».