Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки рушди Осиё (БРО) дар муддати чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон танҳо дар асоси ҷудо кардани бурсҳо кӯмак хоҳад кард.
Роҳбари хадамоти дафтари бонк дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева қайд кард, ки қатъи муваққатии ба ҷумҳурӣ ҷудо кардани қарз аз ҷониби бонкро чанде аз ВАО ба ҳаҷми зиёди қарзи хориҷии Тоҷикистон вобаста медонанд. «Аммо дар асл ин тавр нест, зеро бонк барои мусоидат ба крҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба чунин иқдом даст зад», - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, бонк дар ҳамдастӣ бо Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаи устувории қарзи хориҷии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор додааст ва дар нимаи моҳи оянда натиҷаҳои он дастраси ҳамагон мегардад. «Тайи 10 соли ахир БРО ба Тоҷикистон беш аз $500 млн. маблағ ҷудо намудааст, ки $350 миллиони он воситаҳои қарзӣ мебошанд», - афзуд ӯ.
Маълумотнома:
Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд. Соли 2007 Бонки рушди Осиё ба маблағи умумии 10,1 млрд. доллари амрикоӣ пешиҳоди қарзҳо, ба маблағи 673 млн. доллари амрикоӣ додани бурсҳо ва ба маблағи 243 млн. доллари амрикоӣ расонидани кӯмаки техникиро маъқул шуморид.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста