Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл мақомоти раҳбарии оператори миллии алоқаи Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкати телекоммуникатсионии «Чайна Телеком»-и Чин доир ба насби хати алоқаи оптикии хушсифати рақамӣ миёни кишварҳо тавофуқ ҳосил карданд.

            Тавре сардори Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Хуршед Раҷабмамадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин навъи алоқаи рақами барои дастрасӣ ба шабакаи Интернет, телевизиони рақамиву кабелӣ ва гузаронидани конфронсҳои видеоӣ имконият фароҳам месозад.

            Ба иттилои манбаъ, феълан аз чунин тарзи алоқа муштариёни «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи маркази самти ғарбии пойтахт истифода мебаранд. «Амалисозии марҳилаи саввуми лоиҳаи фаро гирифтани тамоми қаламрави кишвар бо чунин тарзи алоқа аллакай шурӯъ шуд ва феълан корҳои насби хати алоқаи Душанбеву Бадахшон тавассути ноҳияҳои тобеи марказ, ки дар самти шарқии пойтахт воқеанд, идома доранд», - афзуд манбаъ.