Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз бо ташаббуси Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва филиали он дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Муколамаи байнисоҳавӣ оид ба идораи захоири обӣ» семинар баргузор мешавад, ки дар кори он кормандони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони созмонҳои илмиву ғайриҳукуматӣ ва коршиносони бахши иқтисоду экологияи Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.
Ба гуфтаи созмондиҳндагони семинар, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур – ташаккули гурӯҳи кории миллӣ оид ба санҷиши имконот ва беҳбуди идораи рӯдхонаҳои фаромарзӣ, муайян кардани минтақаҳои озмоишӣ ва таҳияи консепсияи лоиҳаҳо аст.
Тавре директори филиали марказ дар Тоҷикистон Малика Бобоҷонова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинар дар вазъи мушкили таъминоти минтақа бо об
баргузор мешавад, ки ин мушкилотро натанҳо кишварҳои поёноб, балки кишварҳои болооб низ эҳсос менамоянд. «Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи оқилонаи сарчашмаҳои фаромарзии захираҳои оби минтақа имрӯз бояд дар маркази таваҷҷӯҳи ҳукумати кишварҳои минтақа қарор дошта бошад», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ,аз рӯи натиҷаҳои кори семинар ҷонибҳо ният доранд, якчанд минтақаи озмоиширо барои татбиқи лоиҳаҳои идора ва истифодаи захираҳои обии минтақа муайян созанд.



“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Владимир Путин куштори Қобилҷонро “амали террористӣ” гуфт ва тафтиши беғаразонаи онро ваъда дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2025
Ба модари Қобилҷон хона доданд. Пайвандонаш гуфтанд, барои ҷамъоварии кумак суратҳисобе амал намекунад
Филми “Дов” бори аввал оммавӣ мешавад
Ҳузури президент, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, форум ва консерти муштарак. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон чӣ гуна мегузарад?
Кортҳо зери назорат: чӣ гуна Душанбе Сити Бонк истифодаи кортҳо аз ҷониби бегонаҳоро пешгирӣ мекунад?
Дар Душанбе барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ маркази омӯзиши забони кореягӣ боз шуд
Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?
Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста