Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе Созмони ҷаҳонии беҳдошт гузориш оид ба нақши кӯмаки аввалияро таҳти унвони «Кӯмаки тиббииву санитарӣ имрӯз бештар муҳим аст» муаррифӣ мекунад.
Тавре аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс»хабар доданд, «гузориши мазкур имкон медиҳад, ки сабақҳои аз таҷрибаи пешина гирифтаро таҳлил намуда, барои фаъолияти минбаъда ва роҳи ҳалли вазифаҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. «Иҷрои тавсияҳои пешбинишуда ба коҳиши фарқ миёни нақшаву кори амалӣ мусоидат хоҳад кард», - гуфт сарчашма.
Бино ба иттилои манбаъ, дар гузориш маҷмӯи масоили ислоҳоти соҳа, ки беҳбуди кӯмаки тиббиву санитарӣ, интизориии шаҳрвандон аз он ва масоили умумии соҳаро дар бар мегирад, инъикос ёфтаанд. Интизор меравад, ки дар чорабинӣ намояндагони вазорати тандурустӣ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва созмонҳои байнулмилалии марбут ба ин соҳа ширкат хоҳанд варзид.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста