Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Ояндаи наздик Эрон ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз 300 адад вагони қатора иҷора медиҳад.

            Тавре аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, моҳи гузашта зимни имзои Ёддошт тафоҳум миёни вазоратҳои дахлдори кишварҳо, ширкати роҳи оҳани Эрон ҷиҳати ҷудо кардани 350 вагон тариқи иҷора ба Тоҷикистон омодагии худро изҳор намудааст. «Масъалаи ворид сохтани вагонҳо ба қаламрави ҷумҳурӣ бо Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ мувофиқа карда шудааст», - гуфт манбаъ.

            Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли оянда баргузории Шӯрои ҳамоҳангсози лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Чин дар назар аст. «Дар Шӯро инчунин баррасии масъалаи пайвастани ин роҳи оҳан бо шабакаи роҳи оҳани Чин тавассути Қирғизистон низ пешбинӣ гардидааст», - изҳор дошт сарчашма.

            Манбаъ афзуд, ки ҷиҳати омӯзиши мутахассисони бахши роҳи оҳани тоҷик дар Эрон миёни давлатҳо тавофуқ ҳосил шудааст.