Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон маросими муаррифиномаи идрорпулии ба номи Д.Менделеев баргузор мешавад, ки аз ҷониби Бунёди рушди Русия «Донишкадаи Таҳқиқоти Авруосиёӣ» таъсис дода шудааст.

            Тавре аз намояндагии бунёди мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, идрорпулӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯён барои фаъолияти аҳамияти иҷтимоидошта ва пажӯҳиши илмиву тадқиқотӣ таъсис дода шуда, даҳ нафар донишҷӯи қобилиятнок ва аълохони макотиби олии пешқадами Тоҷикистон, ки дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд, имкони соҳиб гаштан ба идрорпулии ба номи Менделеевро пайдо мекунанд.